
ROHINUR
Вебгоҳи Муслима Аҳмадӣ
Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим
Хоҳарону модарони азиз! Мавзӯе, ки мехоҳам матраҳ кунам, ба ҳар як зани мусалмон дахл дорад. Ин мавзӯъ масъалаи ҳайз, яъне одати моҳонаи занон аст, ки дар Қуръони карим ва ҳадисҳои Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) бо ҳамин ном — “ҳайз” зикр шудааст.
Мутаассифона, имрӯз ҳам дар ҷомеаи мо бисёр хоҳарону модарон ҳастанд, ки маълумоти кофӣ дар бораи аҳкоми ҳайз надоранд. Намедонанд, ки дар вақти ҳайз кадом амалҳо ҷоиз аст, кадоме ҳаром ва кадоме нописанд. Намедонанд, ки ҳайз чӣ гуна оғоз мешавад ва кай анҷом меёбад. Ин беаҳамиятӣ метавонад сабаби содир шудани гуноҳони кабира шавад. Баъзе амалҳое ҳастанд, ки анҷом додани онҳо дар вақти ҳайз на танҳо ҳаром, балки гуноҳи бузургест, ки ҳатто тибқи баъзе фатвоҳо каффораи он додани ду грам тилло аст. Барои мисол, ҳамбистарӣ бо шавҳар дар вақти ҳайз, тавофи Каъба, хондани намоз, рӯза гирифтан ва дигар ибодатҳое, ки дар чунин ҳолат иҷозат нестанд.
Дар бархе ҳолатҳо, агар шахс амале, ки қатъиян ҳаром аст, дидаву дониста ҳалол донад ва анҷом диҳад, ин метавонад сабаби берун шудан аз дини ислом шавад. Ин гуфтаҳо бо такя ба Қуръон ва ҳадиси саҳеҳ аст, на сухани шахсӣ ё гумон.
Пас, хоҳарони азиз, ба ҷои он ки вақти зиёдатонро ба дидани наворҳои фуруши либос ё ороишоти хона сарф кунед, як лаҳза фурсат ёбед, ба сайтҳои исломӣ ворид шавед, ба дарсҳои аҳли илм гӯш диҳед, савол кунед ва биомӯзед. То мабодо ноогоҳӣ моро гирифтори гуноҳ накунад. Зеро, вақте инсон ба гуноҳи кабира гирифтор шуд, баракат аз зиндагии ӯ меравад. Беморӣ, нофаҳмӣ, тангдастӣ, ва нохушиҳо дар паи ҳам меоянд.
Мутаассифона, бисёр чизҳои нодуруст дар байни мардум паҳн шудаанд. Баъзеҳо мегӯянд, духтаре, ки ба балоғат нарасидааст (масалан 14-15 сола аст), метавонад дар вақти ҳайз рӯза гирад. Ё мегӯянд: “Се рӯзи аввал намегирам, баъдан ки хун кам шуд, рӯза мегирам, боке надорад.”
Ин ҳарфҳо хилофи шариатанд ва хеле хатарноканд. Дар назди тамоми уламо, тамоми мазҳабҳои фиқҳӣ, рӯза гирифтан дар ҳолати ҳайз ҳаром аст. Намоз хондан ҳаром аст. Ҳамбистарӣ бо шавҳар ҳаром аст. Ва ҳатто дар назди аксари уламо Қуръон хондан ҳам барои зане, ки дар ҳолати ҳайз аст, ҷоиз нест (ғайр аз муаллимаҳо ва шогирдон дар ҳолати таълим).
Дар Саҳеҳи Бухорӣ ҳадисе ҳаст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ба занон мефармоянд: “Оё шумо намедонед, вақте ҳайз доред, намозу рӯзаатонро тарк мекунед?” Ҳазрати Оиша (разияллоҳу анҳo) мегӯянд: “Мо дар вақти ҳайз намоз намехондем, аммо рӯзаҳои нагирифтаро баъдтар қазояшро медоштем.”
Ҳамин аст, хоҳарони азиз. Новобаста аз синну сол, духтари 15-сола бошед ё зани 40-сола, агар ҳайз дидед, рӯза гирифтан барои шумо ҳаром аст.
Баъзеҳо мегӯянд: “Ман се рӯзи аввал намегирам, баъдан, ки хун кам шуд, рӯза мегирам.” Ин низ хатост. Дар шариат миқдори муайяни ҳайз нест, ки ҳатман бояд се ё панҷ рӯз бошад. Зани мусалмон метавонад як рӯз ҳайз шавад, ё ду рӯз, ё понздаҳ рӯз, ҳамааш вобаста ба табиати бадан аст. Аз ҳамин хотир уламо мегӯянд: “Ҳайз вақте ба поён мерасад, ки ё оби сафеди комилан равшан (ки маънои покшавист) пайдо шавад, ё тамоман хушкии комил ҳис шавад.”
Ҳазрати Оиша (разияллоҳу анҳo) мегӯянд: “Баъзе занҳо баъд аз ҳайз шубҳа мекарданд, ки оё ман пок шудам ё на. Онҳо пахтачаҳоро мефиристоданд, ки бубинед, ман ҳамин чизро мебинам, пок ҳастам ё на?” Ҳазрати Оиша (разияллоҳу анҳo) мегуфтанд: “То замоне, ки оби сафеди равшанро набинед, шитоб накунед.”
Пас, бояд ҳар як зан давраи ҳайзи худро бишносад. Бидонад, ки чанд рӯз ҳайз мешавад ва чӣ гуна покшавиро мебинад. Зане, ки аллакай медонад, маъмулан 6 ё 7 рӯз ҳайз мешавад, вақте, ки мебинад, то рӯзи чорум ё панҷум оби сафед пайдо шуд, метавон гуфт, ки пок шудааст. Аммо, то оби сафед наомадааст, намозу рӯза ҳаром аст.
Хуне, ки баъд аз одати моҳона агар идома ёбад, он дигар ҳайз нест, балки “истиҳоза” (хунравии беморӣ) аст.
Мисоли равшан аз саҳобаи ҷалил Фотима бинти Қайс ҳаст. Вақте, ки ба Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) гуфт: “Ман тамоми моҳ хун мебинам,” Паёмбар фармуданд: “Рӯзҳои ҳайзи худро ҷудо кун ва боқимондаро ҳамчун истиҳоза бидон, ки беморист.”
Дар ҳолати истиҳоза зан метавонад барои ҳар як намоз таҳорати алоҳида кунад ва намозашро хонад. Рӯза гирифтанаш низ ҷоиз аст.
Хоҳарони азиз! Ин маълумоти мухтасар дар бораи ҳайз буд ва ин масъалаҳо хурд нестанд. Шариатро бояд омӯхт ва ба дигарон ҳам фаҳмонд. Ғофилӣ ва пайравӣ аз хурофот танҳо моро аз раҳмати Худо маҳрум месозад. Худо кунад, ки ҳар як хоҳар бо фаҳму дониш ва бо огоҳӣ аз дин зиндагӣ кунад ва дучори гуноҳи кабира нашавад. Худованд ба ҳар яки мо илму маърифат ва тавфиқи амал ато кунад.
Вассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу!