
ROHINUR
Вебгоҳи Муслима Аҳмадӣ
Аллоҳ дар Қуръони карим мефармояд:
«Онҳоро ба номи падаронашон ном баред, ки ин назди Аллоҳ одилонатар аст.»
(Сураи Аҳзоб, ояти 5)
Ин ояти муборак ба мо меомӯзад, ки ҳар як фарзанд бояд падари худро бишиносад ва аз насаби худ рӯй нагардонад. Инкор кардани падари ҳақиқӣ ва нисбат додани худ ба шахси дигар аз гуноҳҳои кабира аст.
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ҳадисе, ки дар «Саҳеҳи Бухорӣ» ва «Муслим» омадааст, мефармоянд:
«Ҳар касе, ки худро ба ғайри падари худ нисбат диҳад ва бигӯяд, ки фалон кас падари ман аст, дар ҳоле ки ӯ падари воқеии ӯ нест — ӯ куфр варзидааст».
Албатта, ин куфр инсонро аз дин берун намебарорад, вале куфри амалӣ ва гуноҳи бузургест, ки бояд тавба кард.
Аммо аз насаби худ даст кашида, шахси дигареро падар гуфтан ва шахсеро аз рӯи эҳтиром падар гуфтан аз ҳамдигар фарқ дорад.
Дар бисёре аз кишварҳои мусалмонӣ, аз ҷумла дар ҷомеаҳои форсизабон, одат шудааст, ки ба хусур — падари шавҳар, «падар», ва ба хушдоман — «модар» мегӯянд. Ин амр аз рӯи эҳтиром аст на аз рӯйи инкори падару модари ҳақиқӣ. Агар арӯсе хусурашро «падар» гӯяд, вале падари худро фаромӯш накарда бошад ва агар домод хушдоманро «модар» гӯяд, вале модари худро рад накарда бошад — ин ҳеҷ гуна гуноҳе надорад.
Рӯзаҳо ба ду навъ тақсим мешаванд: фарз ва нофила.
Рӯзаҳои фарзӣ, мисли рӯзаи моҳи Рамазон, рӯзаҳои қазоӣ ё рӯзаи назрӣ (масалан: агар фалон кор анҷом шавад, рӯза мегирам) — барои зан фарз аст ва барои гирифтани онҳо иҷозати шавҳар шарт нест. Шавҳар ҳақ надорад монеи анҷоми фарз гардад.
Аммо рӯзаҳои нофила, ба мисли рӯзаи рӯзҳои Душанбе ва Панҷшанбе, рӯзаҳои моҳи Шаъбон, шаш рӯзаи Шаввол ё дигар рӯзаҳои мустаҳаб — агар шавҳар дар хона ҳузур дорад, зан бояд бо иҷозати ӯ онҳоро бигирад.
Дар ҳадиси саҳеҳ омадааст:
«Зан набояд рӯзаи нофила гирад дар ҳоле ки шавҳараш ҳузур дорад, магар бо иҷозаташ.»
Агар шавҳар дар сафар аст ё дур аз хона, зан метавонад ин гуна рӯзаҳоро бе иҷозат бигирад.
Модарон аксар мепурсанд: «Кӯдакам зиёд қай мекунад — оё бо он либос намоз хондан ҷоиз аст?»
Ба иттифоқи уламои чаҳор мазҳаб, қай наҷосат аст. Зеро он аз меъда бармегардад, ки хӯрок дар он дигаргун шуда, бӯйи бад мегирад. Аз ин рӯ, ҳам таҳоратро мешиканад ва ҳам либосро нопок месозад. Қайи кӯдак низ, махсусан дар ҳолате, ки шир турш шуда, монанди ҷурғот берун мешавад, наҷосат маҳсуб мешавад ва бояд ҷойи қайрасида шуста шавад.
Танҳо баъзе уламои мазҳаби моликӣ бар ин назаранд, ки агар кӯдак шири хӯрдаашро бидуни дигаргунӣ қай кунад ва на бӯй, на рангу таркибаш тағйир ёфта бошад, он наҷосат нест. Аммо дар ҳолати бадбӯйӣ ё тағйири ҳолат, ҳатман бояд онро шуста, баъд бо он либос намоз хонд.
Не, ҳаргиз. Кӯдак ҳеҷ гуна айб надорад. Гуноҳи зино ба падару модар тааллуқ дорад, на ба кӯдак. Худованд дар Қуръон фармуда:
وَلَا تَزِرُ وَازِرَةٌ وِزْرَ أُخْرَىٰ
«Касе бори гуноҳи дигареро бар дӯш намегирад». (Сураи Анъом, 6:164)
Ҳатто дар замони Расули Худо (с) зани зинокор, ки ҳомиладор шуд, фармон гирифт аввал кӯдакашро таваллуд кунад. Пас аз таваллуд ва шир додан, кӯдакро ба хешовандон супурданд ва танҳо баъд ҳадди шаръӣ иҷро гардид. Кӯдак зинда монд ва чун дигар кӯдакон дар ҷомеа парвариш ёфт.
Пас, чунин кӯдакро “ҳаромӣ” номидан ноҷоиз аст ва ин беадолатӣ ва зулм ба кӯдаке мебошад, ки худ тавони интихоби падару модар надошт. Баръакс, нигоҳубини чунин кӯдак савоб аст, махсусан агар ӯ аз муҳити ятимхона раҳо ёбад.
Аммо як нуктаи муҳими фиқҳӣ ҳаст: Бояд кӯдак бо ӯ ва аҳли хонадон маҳрам шавад. Барои ин, яке аз занони хонаводаи дорои кудаки ширхора, хоҳараш, янгааш ё шахси дигар, бояд кӯдакро то синни дусолагӣ се бор шир диҳад. Ҳатто аз пиёла додани шир ҳам кофист. Баъд аз он кӯдак чун фарзанди ширӣ шинохта мешавад ва бо аҳли хонадон маҳрам мегардад.
Дар Ислом манъе вуҷуд надорад, ки мард номи занашро гирад ё зан номи шавҳарашро. Дар ҳадисҳои саҳеҳ дида мешавад, ки Расули Худо (с) ҳазрати Оишаро бо номи худ, «Ё Оиша!» садо мезаданд. Аммо худи ҳамсарони Паёмбар (с) ӯро бо номи «Муҳаммад» садо намекарданд, зеро бо амри қуръонӣ (Сураи Нур, ояти 63) наҳй шудааст, ки Расулро мисли дигарон бо ном садо зананд. Ин танҳо хоси Паёмбар аст.
Пас, ин масъала ба урф, яъне одату фарҳанги мардум бармегардад. Дар мазҳаби Имоми Аъзам, агар як амал бо шариат мухолиф набошад ва дар урф шинохта шуда бошад, қобили қабул аст. Масалан, дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон, садо задани шавҳар бо номаш ё «ту» гуфтан нишонаи беэҳтиромист. Дар минтақаҳои дигари Тоҷикистон ба пайвандон ва аҳли хонавода, ҳатто падару модар, падаркалону модаркалон “ту” гуфта садо мекунанд ва ин нишони самимият дониста мешавад. Дар Миср бошад, номи зану шавҳарро гирифтан нишонаи муҳаббат ва самимият шуморида мешавад.
Бубинед, агар дар муҳити шумо як амал беодобӣ дониста шавад, беҳтар аст, худдорӣ кунед. Бо шавҳар ё ҳамсар дар ин бора маслиҳат кунед ва эҳтироми урфу одати ҷомеаро нигоҳ доред.
Фарзанддор шудан ҳаққи муштараки зану мард аст. Зан наметавонад бидуни ризоияти шавҳар худро аз ҳомиладорӣ муҳофизат кунад, хоҳ бо дору, хоҳ бо василаҳое чун “спирал”.
Ҳамчунин мард ҳам ҳақ надорад, якҷониба занро аз таваллуд кардан манъ кунад.
Дар ҳадис омадааст, ки Расули Худо (с) мардумро ташвиқ мекарданд, ки занҳои зоянда ва меҳрубонро ба ҳамсарӣ гиранд. Зеро фарзанд таваллуд кардан аз ҳадафҳои асосии издивоҷ аст.
Ҳам зан ва ҳам мард бояд дар масъалаи фарзанддорӣ машварат дошта бошанд. Ҳеч яке ҳақ надорад бидуни ризоияти дигар тасмим бигирад, зеро ин масъаларо шариат масъалаи дуҷониба медонад.
Чидани абру (қош) дар Ислом ҳаром ва гуноҳи кабира аст, ҳатто агар шавҳар амр кунад. Расули Худо (с) фармуданд:
«Худо лаънат кардааст зани чинандаи абруро ва он касеро, ки абруяшро мечинонад.»
Итоат ба шавҳар дар маъсият ҷоиз нест. Аммо ранг кардани абру, ки шаклашро дигар намекунад ва бо вақти муқаррари табиӣ мешавад, аз ҷониби баъзе уламои муосир иҷоза шудааст. Чидани мӯй аз дигар қисмҳои рӯй иҷозат аст.
Диққат диҳед: Абру чидан ҳаром. Нигоҳубини рӯй ва пок кардани руй аз муйҳо барои шавҳар ҷоиз аст.
ЭКО як усули тиббӣ барои кӯмак ба зану шавҳарест, ки бо роҳи табиӣ фарзанддор шуда наметавонанд ва ба усулҳои сунъии тиббӣ муроҷиат мекунанд.
Дар ин ҳол агар тухма ва нутфа танҳо аз ҳамон зану шавҳар гирифта шавад ва дар батни худи ҳамон зан ҷой дода шавад, бидуни иштироки шахси сеюм ва бо табиби амин, аз ҷониби уламои муосир ин навъи ЭКО (бордоркунии сунъӣ) ҷоиз дониста шудааст.
Аммо, агар шахси сеюм, мард ё зан ба ин раванд ворид гардад, (масалан, тухма ё нутфа аз бегона бошад, ё кӯдак дар батни зани дигар парвариш ёбад), он навъи ЭКО ҳаром дониста мешавад. Зеро омехтани насаб, шубҳа дар модар ва падар ва халал дар шариати поки Ислом ба миён меояд.
Ҳамин тавр, ЭКО фақат бо шарти он ки танҳо аз тухма ва нутфаи зану шавҳар бошад ва табиб амин бошад, ҷоиз аст.
Парвардигор ҳамаи бефарзандонро бо додани фарзанди солеҳ шод гардонад ва моро дар имтиҳонҳояш собитқадам дорад.
Агар шавҳар бадзабон аст ва суханони нохуб дорад, аввал бояд донед, ки ин ахлоқ аксаран аз муҳити тарбия бармеояд. Дағалзабонӣ дар Ислом маҳкум аст. Паёмбар (с) фармудаанд:
«Меҳрубонӣ ва хушзабонӣ зинати ҳар амал аст.»
Ба заноне, ки бо чунин мард зиндагӣ мекунанд, насиҳат ин аст:
– Бо ӯ ҳамзабону сар ба сар нашавед.
– Бо хушахлоқӣ ва оромӣ посух диҳед.
– Дар лаҳзаҳои оромӣ, бидуни асабоният, бо эҳтирому самимият бо шавҳар сӯҳбат кунед.
Ба ӯ фаҳмонед, ки ин суханон на фақат эҳтиромро дар хона поин мебаранд, балки ба тарбияи фарзандон низ таъсири манфӣ мерасонанд.
Бо бадзабон бадзабон нашавед. Меҳрубонии шумо метавонад дили ӯро мулоим кунад. Сабру хирад метавонад дар ӯ тағйир эҷод кунад. Бигзор, зеботарин ҷавоби шумо оромишу ахлоқи накӯ бошад.
Аз нигоҳи шариат, кашфи аврати зан дар назди марди номаҳрам гуноҳи кабира аст. Аммо дар ҳолати зурурат, вақте ки духтури зан мавҷуд нест ё ҳолати беморӣ шадид аст, муолиҷа ё таваллуд дар назди табиби мард ҷоиз мегардад, ба шарте ки:
Худаш духтур интихоб карда натавонад,
Ҷони ӯ дар хатар бошад,
Шароити тиббӣ иҷозаи дигар намедиҳад.
Фиқҳи исломӣ мегӯяд:
«Зарурат чизҳои мамнӯъро ҳалол мекунад.»
Дар чунин ҳолатҳо на зан гунаҳкор аст, на духтур, зеро духтур дар вақти амалиёт ба бадан бо чашми шаҳват не, балки бо нияти муолиҷа нигоҳ мекунад. Уламои маъруф, аз ҷумла Ибни Баттол ва дигарон низ инро дар шарҳи ҳадисҳо баён кардаанд.
Яъне, агар дигар чора набошад, муолиҷа ё таваллуд дар назди табиби мард дар ҳолати зарурат ҷоиз аст ва гуноҳе нест.
Дар шариат танҳо мӯй часпонидан манъ шудааст, ки дар ҳадисҳо шахси часпонандаи муй лаънат шудааст. Аммо худи кӯтоҳ кардани мӯй, агар ба мард монанд нашавад, ҳаром нест. Паёмбар (с) нафароне, ки худро ба ҷинси дигар монанд мекунанд, лаънат кардаанд.
Аз рӯи ҳадиси саҳеҳ, ҳамсарони Паёмбар (с), аз ҷумла ҳазрати Оиша (р), баъд аз вафоти он ҳазрат мӯйи худро кӯтоҳ мекарданд. Инчунин зан дар маросими Ҳаҷ ҳам мӯяшро каме кӯтоҳ мекунад.
Бинобар, агар кӯтоҳ кардани мӯй ба шакли мардона ё ба сабки занони беэътиқод ва дигарбовар ва ё барои ҷалби таваҷҷуҳи номаҳрам набошад, бо ризоияти шавҳар ҷоиз аст. Духтари бешавҳар низ ба шарте, ки ба мард монанд нашавад, метавонад муйи худро кутоҳ кунад.
Дар масъалаи зиёрати қабристон аз ҷониби занҳо ду гурӯҳи ҳадис вуҷуд дорад: баъзе манъ ва баъзе иҷозат медиҳанд. Бо назардошти осори саҳобагон, аз ҷумла Ҳазрати Оиша (р), ки баъди вафоти Расулуллоҳ (с) қабри бародарашро зиёрат мекард ва дар ин бора бо бардошт аз ҳадисе иҷозати Паёмбар (с) вуҷуд дорад:
«Пештар ман шуморо аз зиёрати қабрҳо манъ карда будам, акнун зиёрат кунед, зеро зиёрати қубур ёди охиратро зинда мекунад.»
Уламои зиёд ба хулоса расидаанд, ки зиёрати қабр барои зан, агар бо нияти дуо, ибрат ва ёди охират бошад, ҷоиз аст.
Аммо агар зиёрат бо нияти гиряву нолаву фиғон ё бо амалҳои бидъат ва хурофот, чун табаррук аз хок ё шоха ё гуфтугӯ бо мурдаҳо бошад, ин на фақат манъ, балки ширк ва гуноҳи бузург аст.
Зани мусалмон, ки аҳли намоз, дониши дуруст дорад ва нияташ пок аст, метавонад бо нияти дуо ва ибрат қабристонро зиёрат кунад. Аммо бояд бидонад, ки кадом нияти нодуруст метавонад зиёратро ба гуноҳ табдил диҳад.
Дилтангӣ ва зиққӣ баъзан табиӣ аст ва дар ҳолати мусибат, беморӣ, хастагӣ ё бехобӣ эҳсос мешавад. Вале агар бе ҳеҷ сабаб такрор шавад, пеш аз ҳама, бояд ба ҳолати динии худ нигоҳ кунем.
Парвардигор фармудааст:
“Ҳар кӣ аз ёди Ман рӯй гардонад, ба зиндагии танге гирифтор мешавад.”
(Сураи Тоҳа, 124)
Яъне дурӣ аз Қуръон, намоз, зикр ва фармонбардорӣ сабаби торикии қалб мешавад. Абдуллоҳ ибни Аббос мегӯяд: гуноҳ сабаби сиёҳии чеҳра ва қалб аст. Шояд мо бе огоҳӣ ба гуноҳе машғул бошем ва мусиқии беҳуда гуш мекунем, кинаварзӣ дорем, суханҳои пучу ғазаб моро афсурда мекунад…
Чуноне ки Аллоҳ мегӯяд:
“Огоҳ бошед! Дилҳо бо ёди Худо ором мегиранд.”
(Сураи Раъд, 28)
Пас, аввал рӯ ба зикр, Қуръон ва дуо оварем. Агар бо вуҷуди ибодатҳо боз ҳам зиққӣ идома ёбад, мумкин аст, сабаб тиббӣ бошад. Шояд мушкиле дар қалб, асаб ё хун дошта бошед. Дар ин ҳолат, ба табиб муроҷиат кардан лозим аст.
Ва бидонед, ки шахсе зикраш дар ҷояш асту ба Худо таваккал дорад, ҷоду ва ҷин ба ӯ таъсир намерасонад ва ваъдаи Худо ҳамин аст.
Пайғамбар (с.а.в) баъд аз бомдод хоб намекарданд ва саҳобагон низ пас аз намози субҳ ба гуфтугӯ ва омӯзиши илм машғул мешуданд.
Дар ҳадис омадааст: «Бар уммати ман дар саҳархезӣ баракат дода шудааст». Яъне хоби пас аз бомдод, агарчи гуноҳ нест, вале сабаби камбаракатӣ ва ҳатто зарар ба рӯҳу ҷисм мешавад.
Абдуллоҳ ибни Аббос ба фарзандаш гуфтааст: «Чӣ гуна баъд аз бомдод хоб мекунӣ, дар ҳоле ки вақти тақсими ризқ аст?»
Хоби баъд аз аср низ дар ҳадис ба таври рӯшан зикр нашудааст, вале аз баъзе уламо ва тобеъин нақл шудааст, ки ин хоб ба ақлу рӯҳ ва ҳатто ба пӯст зарар дорад. Баъзе уламои тибби исломӣ, мисли Ибни Қаййим ва Ибни Мақдисӣ, гуфтаанд, ки хоби баъд аз аср инсонро танбал ва ошуфта мекунад.
Аммо хоби нисфирӯзӣ, ки “қайлула” ном дорад, суннат аст ва фоидаҳои зиёди тиббӣ дорад, ҳатто агар 15 дақиқа бошад ҳам.
Диққат:
Хоби баъд аз бомдоду аср гуноҳ нест, вале вақти шуморо бебаракат мекунад ва ба саломатии шумо зарар дорад.
Агар ба сабаби зарурат (кӯдакдорӣ, беморӣ ё кори шабона) хоб равед, гунаҳкор намешавед.
Одат кардан ба хоби баъд аз бомдоду аср, махсусан бидуни сабаб, инсонро аз баракати рӯз, зеҳни равшан ва фоидаи рӯҳиву ҷисмӣ маҳрум мекунад.
Беҳтарин вақт барои хоб пас аз тулӯи офтоб (қайлула) ва баъд аз нисфирӯзист.
Қазои рӯзаи Рамазон фарз аст ва пас аз Рамазон як шахс метавонад дар ҳар вақти дигар то Рамазони оянда қазояшро адо кунад. Шаввол бошад, фақат як моҳ муҳлат дорад.
Дар ҳадиси саҳеҳ, ҳазрати Оиша (р) мегуфтанд:
«Қазои Рамазонро баъзан то моҳи Шаъбон ба таъхир меандохтам.» Яъне то пеш аз Рамазони соли оянда.
Ин далолат мекунад, ки аввал гирифтани Шаввол ва баъд қазо, ҷоиз аст ва аз рӯи мазҳаби Имоми Абуҳанифа, ҳеҷ кароҳияте надорад. Дар дигар мазҳабҳо низ ҷоиз дониста шудааст, гарчи баъзе уламо беҳтар медонанд, ки аввал қазо гирифта шавад. Яъне, агар аввал шаш рӯзи рузаи Шавволро гиред ва баъд давоми сол то рамазони оянда қазоро адо кунед, амалатон дуруст аст ва аҷрашро иншоаллоҳ мегиред.
Рӯзаи шашрӯзаи Шаввол суннати муъаккада аст ва савоби бузург дорад. Паёмбар (с) фармуданд:
«Касе, ки моҳи Рамазонро рӯза бигирад ва ба дунболи он шаш рӯз аз Шаввол рӯза дорад, мисли он аст, ки тамоми сол рӯза доштааст.» (Саҳеҳи Муслим)
Барои гирифтани ин рӯза шарт нест пайдарпай бошад. Дар ҳар рӯзи моҳи Шаввол метавонед бигиред, муҳим он аст, ки шаш рӯзро дар ҳамин моҳ рӯза бигиред.
Ният дар Ислом аслан амали қалб аст. Ҳамин, ки дар дилатон гуфтед: «Пагоҳ рӯзаи Шаввол мегирам», ё ҳатто баъд аз субҳ бедор шудеду ният кардед, кофист. Шаввол чун рӯзаи нафл аст, нияти барвақт ва ё бо забон ҳатмӣ нест. Дар баъзе мазҳабҳо овардани ният бо забон мустаҳаб шуморида шудааст, аммо асли ният дар дил мебошад.
Рӯзаи қазо фарз аст ва барои адои фарз иҷозати касе, на шавҳар, на падару модар, на дигарон шарт нест. Агар шавҳар розӣ набошад ҳам, зан метавонад рӯзаи қазоро бигирад, зеро фармони Парвардигор болотар аз хостаи инсонҳост.
Аммо рӯзаи Шаввол, чун рӯзаи нафл аст, барои гирифтани он дар ҳоле, ки шавҳар дар хона аст, иҷозати ӯ шарт мебошад. Дар ҳадис омадааст:
«Зане набояд рӯзаи нафл бигирад дар ҳоле, ки шавҳараш ҳозир аст, магар бо иҷозаташ.» (Саҳеҳи Бухорӣ)
Агар шавҳар дар сафар ё аз хона дур бошад, иҷозат шарт нест. Аммо дар ҳузури ӯ, гирифтани рӯзаи нафл бе иҷозат мувофиқи ҳадис амали ноҷоиз аст.
Қуръон бо забони арабӣ нозил шудааст ва дар он ҳарфҳое ҳастанд, ки дар алифбои тоҷикӣ вуҷуд надоранд: мисли ع، ض، ص، ط، ظ, ذ. Агар ин ҳарфҳо ба таври дигар хонда шаванд ва аз махраҷи худашон садо надиҳанд, маънои калимаҳо ва ҳатто маънои тамоми оят метавонад тағйир ёбад.
Масалан, калимаи عليم агар “алим” хонда шавад, маънояш дигар мешавад. Ё ٱلْمَغْضُوبِ агар “мағзӯби” хонда шавад, тамоман маънои дигар ба миён меояд. Аз ин сабаб, хондани Қуръон бо ҳарфҳои ғайриарабӣ, ба вижа бо алифбои кириллӣ, ба иттифоқи уламо дуруст нест.
Албатта, фаҳмидани маънои Қуръон бо тарҷума ва тафсир бо забони тоҷикӣ мумкин аст, аммо худи лафзи Қуръон бояд бо ҳарфҳои аслии арабӣ ва бо талаффузи дуруст хонда шавад.
Баъзе хоҳарон мегӯянд: “сину соли ман рафтааст, дигар ёд гирифта наметавонам.” Аммо бо ният ва кӯшиш ҳар инсон метавонад ёд бигирад. Дар ҳама синну сол — агар хоҳиш бошад, роҳ ҳаст.
Пас, ба ҷои баҳонаҷӯӣ ва кофтани роҳҳои осон, биёед кӯшиш кунем, ҳарфҳои Қуръони Каримро ёд гирем ва онро бо забони аслиаш бихонем. Ин аст роҳи дуруст. Аллоҳ ба ҳамаи мо тавфиқ диҳад!