
ROHINUR
Дар ҷаҳони имрӯза шояд маконе вуҷуд надошта бошад, ки дар он хонумон берун аз хона кор накунанд. Фаъолияти меҳнатии хонумон дар корхонаву коргоҳҳо ва муассисаву ширкатҳо он қадар ривоҷ ёфтааст, ки ҷомеаи имрӯзаро бе бонувон тасаввур кардан номумкин аст.
Ҳамин тавр бо мушоҳидаи саҳми занҳо дар пешрафти ҷомеаи ҷаҳонӣ саволе зеҳни бисёриҳоро машғул сохтааст: Оё кор кардани зан дар ширкатҳо ва корхонаҳои истеҳсолӣ, мактабу муассисаҳо ва ғайра дар Шариат ҷоиз бошад?
Оё зани мусалмон метавонад кор кунад, маош гирад? То куҷо Ислом ба занҳо иҷозаи кор карданро медиҳад?
Ҷавоби ин саволҳоро дар мавзӯи имрӯза пайдо мекунед.
Албатта оиди кор кардани зан дар берун аз хона фикру андешаҳои гуногун вуҷуд дорад.
Баъзеҳо кор кардани занро шадидан интиқод мекунанд. Мегӯянд, зани мусалмон ҷояш хона аст. Набояд берун аз хона кор кунад.
Баъзеҳо дар ин амр хеле мутасоҳил ҳастанд. Мегӯянд зан узви ҷомеа мебошад. Метавонад бе ягон мушкили дар куҷое, ки хост кор кунад ва пешрафт намояд.
Чӣ тавре ки медонем, Ислом динест, ки ба ҳама амрҳо ҳакимона қонунгузорӣ кардааст. На шиддати бадро қабул дорад, на тасоҳули аз ҳад зиёдро.
Албатта, вазифаи аввалини зан ӯҳдадории хонаву тарбияи кӯдакон ва хидмати шавҳар аст. То замоне, ки духтарак дар хонаи падар зиндагӣ дорад, шариат падар ва ё бародаронро амр мекунад, то духтари худро бо хароҷоти рӯзгор таъмин созанд. Вақте духтарак шавҳар кард, шавҳар масъули нигоҳубин ва муҳайё сохтани ҳамсараш мегардад. Барои ҳамин агар зарурат набошад дар хона нишастани зан ва тарбияи фарзандон беҳтар аст. Аллоҳ дар китобаш мегӯяд:
وقرن في بيوتكن و لا تبرجنا تبرج الجاهلية الاولى
Эй занҳо дар хонаҳоятон нишинед, бе ғайри зарурат ба ҳар куҷо наравед ва асло мисли занҳои дар ҷоҳилият буда, бо либосҳои нимбараҳна ба кӯча набароед. (Сураи Аҳзоб 33)
Албатта бе ягон сабаб ба кӯча баромадани зан дар шариат ҷоиз нест. Чӣ қадар, ки зан худро аз назари мардҳои бегона пинҳон дорад, ҳамон қадар қадру қимматаш болотар мегардад. Вале чуноне, ки мебинем ҷомеа низ муҳтоҷи кори хонумон мебошад, зеро баъзе касбҳое ҳастанд, ки танҳо занҳо ба хубӣ аз ӯҳдааш мебароянд, мисли мураббиягӣ, табиби занон ва амсоли инҳо. Ҳолатҳои зиёде ҳам ҳастанд, ки занҳо тамоми оиларо ба ӯҳда доранд. Ба сабаби бемории шавҳар ва ё набудани марди хонавода харҷи як оилаи бузург ба души хонумон аст. Дар чунин ҳолат зан ҳатман бояд кор кунад, то ризқи кӯдаконашро ёбад ва ба оилааш кӯмак расонад. Инчунин хонумҳое ҳам ҳастанд, ки аз бекорӣ тамоми рӯз дар назди телевизион ва ё ҳамроҳи телефон менишинанд. Ва ё аз бекорӣ бозор ба бозору мағоза ба мағоза аз паи харҷи маблағи шавҳар ҳастанд. Ингуна хоҳарон бешак машғули ягон кор гаштанашон садҳо маротиба беҳтар аст.
Агар ба таърих нигоҳ кунем Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам, вақте ба Ғазва мебаромаданд, ҳамроҳи худ як чанд занҳои мусалмонро мебурданд, то барои табобати маҷрӯҳшудагон ва обу таоми лашкар кӯмак намоянд. Занҳо ҳамчун табибу ҳамшира ва ошпаз ба Паёмбару асҳоб кӯмак менамуданд.
Инчунин ҳамагон медонем, ки пас аз вафоти Паёмбар, илми Паёмбарро аксари тобеин аз ҳазрати Оиша мегирифтанд. Модарамон Оиша ҳамчун шогирди аввалини Паёмбар ҳадисҳои Паёмбарро ба дигарон меомӯхтанд.
Вақте зарурат пайдо гашт, зани мусалмон метавонад кор кунад, аммо барои кор кардани зан бояд ин шартҳо риоя шаванд:
Шумо эй мардҳо бо занҳои бегона дар танҳоӣ хилват нанишинед, вақте ду нафари бегона бо ҳам хилват менишинанд, албатта сеюминашон шайтон мегардад. Онҳоро васваса месозад, то муртакиби гуноҳ гарданд.
Сабаби ба гуноҳ рафтану хонавайроншавии аксарият, худи ҳамин робитаҳои дӯстӣ доштан бо ҳамкорони номаҳрам аст. Занак бояд дар ҷойи кор бовиқори исломӣ, сатри пӯшида кор кунад.
Ҳаминро бояд таъкид кунам, ки беҳтарину арзишмандтарин кори хонумон тарбияи фарзанд аст. Зан бо тарбияи хубаш ба ҷомеа мардҳои накӯкор ва духтарони покдоману бо савод иҳдо мекунад. Зан дар баробари дар хона хидмати шавҳару фарзандонашро кардан, оилаи худро мустаҳкаму хушбахт месозад. Илова бар ин зан метавонад, дар ҷомеъа низ саҳмгузор бошад. Бо касбу истеъдоди худ кӯмаки худро ба мардум расонад. Бо ёфтани маош ба иқтисоди оила кумак кунад. Албатта бо риоя намудани қонунҳое, ки дар боло зикр намудем.
Муслима Нурмуҳаммадӣ