
ROHINUR
Вебгоҳи Муслима Аҳмадӣ
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу, модарон ва хоҳарони азиз!
Масъалаи маҳрамҳо ва чигунагии либоспӯшии зан дар назди онҳо, на танҳо як масъалаи фиқҳӣ, балки як паҳлӯи муҳими ахлоқӣ ва оилавии зиндагии мост.
Маҳрам ба касе гуфта мешавад, ки дар ислом никоҳ кардан бо ӯ абадан ҳаром аст.
Маҳрамҳо се гурӯҳанд: маҳрам аз рӯи насаб (хешутабори хунӣ), маҳрам аз сабаби ширхорагӣ ва маҳрам аз сабаби никоҳ.
Маҳрамҳо аз рӯи насаб
Парвардигор дар сураи Нисо, ояти 23, рӯйхати маҳрамҳоро барои мардон баён кардааст:
Ҳар кадоме аз ин шахсон барои як мард маҳрам ба ҳисоб мераванд. Занон низ дар муқобил ҳамин шахсонро аз маҳрамҳои худ медонанд: амак, тағо, бародар, падар ва фарзанди худ.
Маҳрамҳо аз сабаби ширхорагӣ
Паёмбар (салаллоҳу алайҳи васаллам) мефармоянд: “Ҳар шахсе, ки аз рӯи насаб маҳрам аст, ҳамон шахс дар асоси ширхорагӣ низ маҳрам мешавад”. Агар як кӯдак аз як зан шир хӯрад (аз панҷ ё бештар бор дар синни то ду солагӣ, тибқи баъзе мазҳабҳо), ӯ бо ҳамаи пайвандони он зан (фарзандонаш, хоҳаронаш, падару модараш ва ғайра) маҳрам мешавад.
Маҳрамҳо аз сабаби никоҳ
Инҳо шахсонеанд, ки дар натиҷаи ақди никоҳ маҳрам мешаванд:
Дар назди маҳрам чи гуна либос пӯшидан ҷоиз аст?
Парвардигор дар сураи Нур, ояти 31, мефармояд, ки занҳо бояд зебоии худро пинҳон кунанд, магар дар назди баъзе маҳрамҳо. Ин ҷо зан метавонад:
Аммо ин озодӣ маънои онро надорад, ки зан метавонад бо либосҳои баданашро ношоиста нишондиҳанда ва тунуку шаффоф ба назди маҳрам биравад. Сатри исломӣ ҳатто дар назди маҳрамҳо низ як одоби махсус дорад.
Дар назди ғайри маҳрам
Дар ҳузури ҳар касе, ки маҳрам нест, зан бояд ҳиҷоби комил дошта бошад: сару гардан, мӯй, бадан, пойҳо ва дастҳо пӯшида бошанд, ҷуз чеҳра ва кафи дастҳо.
Чанд нуктаи муҳим барои хоҳарон:
Афсус, ки дар ҷомеаи мо бисёре аз хоҳарон ин фарқиятҳоро намедонанд ва баъзан бо бародари шавҳар ё писари амма мисли шахси маҳрам бархӯрд мекунанд. Бояд дар ин масъала эҳтиёткор ва бо илму дониши дуруст амал намоем.
Хоҳарон ва модарони азиз! Махфи будани зебоии зан, пӯшиш ва эҳтиром ба фармони Парвардигор, ин на танҳо фарз аст, балки ҳимоя ва иззати худи зан аст. Агар ин ҳудудро бидонем ва риоя кунем, на танҳо худро аз гуноҳҳо нигоҳ медорем, балки муҳити поку амнро дар хона ва ҷомеа фароҳам меорем.
Аллоҳ моро аз ҷумлаи касоне гардонад, ки бо илму басират амал мекунанд ва фармони Парвардигорро эҳтиром менамоянд.
Вас-салому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу.