Дин ва ҳуқуқ

Дуъо ва иҷобати он

Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу.

Чаро баъзан дуъоҳои мо иҷобат намешаванд?

Мо ҳама дуъоҳои иҷобатнашуда дорем. Бисёриҳо мегӯянд: “Худованд дар Қуръон фармудааст, ки дуъо кунед, иҷобат мекунем”. Ин дар сураҳои Ғофир ва Бақара зикр ёфтааст. Пас, чаро баъзе дуъоҳо иҷобат намешаванд? Оё магар Аллоҳ ба ваъдааш хилоф мекунад?

-На, ҳеҷ гоҳ Аллоҳ ваъдаҳояшро хилоф намекунад!

Аммо, чаро иҷобат дер мешавад ё намешавад? Аввалан, бидонем, ки баъзе чизҳое ҳастанд, ки мо аз рӯи шитоб ва хоҳиши сахт дуъо мекунем, вале Парвардигор медонад, ки иҷобати он барои мо беҳтар аст ё нест. Худо дар Қуръон фармудааст: “Шояд чизеро нописанд шуморед, ҳол он ки барои шумо хайр аст ва шояд чизеро дӯст доред, вале он барои шумо бад бошад”.

Мисоли равшан: кӯдак ширинии зиёдеро мехоҳад, вале модар медонад, ки зарар дорад, намедиҳад. Худованд ҳам моро беҳтар аз модар медонад. Шояд ҳоло вақти иҷобат не, шояд он чиз ба мо зарар дорад. Мисолҳо аз ҳаёти паёмбарон зиёданд: Юсуф (а) солҳо дар зиндон монданд, Иброҳим (а) дар синни пирӣ фарзанддор шуданд. Ҳамаи ин — ҳикмат аст.

Сабаби дигари иҷобат нашудани дуъо гуноҳҳон мебошанд ва гуноҳҳое, ки инсон содир мекунад дари иҷобати дуъоро мебанданд.

Чӣ гуна интизор дорем дуъоямон иҷобат шавад, дар ҳоле, ки Худоро фаромӯш кардаем ва вақти содир кардани гуноҳон Аллоҳ ба ёдамон намеояд?

Паёмбар фармудаанд: “Бандае, ки гуноҳ мекунад, дуъояш рад мешавад”. Вале бо тарки гуноҳон дуъоямон иншоаллоҳ қабул мегардад.

Яке аз монеаҳои иҷбобати дуъо ҳамон дуъоест, ки бе зорӣ ва эҳсоси муҳтоҷӣ аст. Юнус (а) дар шиками моҳӣ бо зориву илтиҷо гуфтанд: “Илоҳо! Ба ҷуз Ту маъбуде нест, ман аз зумраи золимон будам” ва Аллоҳ наҷоташ дод. Пас мо ҳам бояд бо тамоми эҳсоси муҳтоҷӣ, бо оби дида, бо итминон дуъо кунем.

Сабаби дигари иҷобат нашудани дуъо бо дили нохоҳам ва бидуни яқин аст. Паёмбар гуфтанд: “Дуъо кунед ва яқин дошта бошед, ки Аллоҳ иҷобат мекунад. Аммо бо қалби бетафовуту ғофил дуо накунед”. Вақте бо забон мегӯем, вале дар диламон шак дорем, дуъо мустаҷоб намешавад.

Яке аз сабабҳои муҳими иҷобат нашудани дуъо ин ҳаромхӯрӣ аст. Паёмбар гуфтанд: “Чӣ гуна Аллоҳ дуъои касеро иҷобат кунад, ки либосаш, ғизояш ва дороияш ҳаром аст?” Саъд ибни Абӣ Ваққос, яке аз саҳобаҳое ки дуояш ҳамеша иҷобат мешуд, мегуфт: “Ман ҳаргиз луқмае намехӯрам, магар он ки медонам аз куҷо омадааст”.

Ва боз як сабаби дигари иҷобат нашудани дуъо шитоб кардан дар дуъо аст. Паёмбар гуфтаанд: “Дуъои шумо иҷобат мешавад, то замоне ки нагӯед: ‘Чаро дуъо кардам, иҷобат нашуд?'” Ин гуна сухан ноумедӣ аст ва дуъоро рад мекунад.

Агар дуо иҷобат нашуд ҳамъ ё дар дунё иҷобат мешавадъ ё бало дур мешавадъ ё рӯзи қиёмат подош мегирем. Бандае, ки ба Худо таваккал дорад, ҳаргиз ноумед намешавад.

Азизон! Дуъо қудрати бениҳоят дорад. Бо дили софу пок, самимӣ, бо умед, бо ризқи ҳалол, бо тақво ва дар вақту макони муъайян дуо кунед, иншоаллоҳ иҷобат мешавад. Аллоҳ дуъои шумоёнро қабул кунад, шуморо мисли Саъд ибни Абӣ Ваққос мустаҷобуд- даъва гардонад!

Дар дуоҳои худ маро ва ҳамаи мусалмонони мазлумро фаромӯш накунед.

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу!

Бо эҳтиром хоҳари Шумо,

Муслима Аҳмадӣ

Один комментарий для “Дуъо ва иҷобати он

  1. TestUser:

    Ин шарҳи санҷишӣ дар… Ин шарҳи санҷишӣ аст.. Ин шарҳи санҷишӣ аст

Комментарии закрыты.