Дин ва ҳуқуқ

Азодорӣ ва таъзия дар Ислом

Бародарону хоҳарони гиромӣ! Мавзӯи азодорӣ ва маросимҳои вобаста ба он яке аз мавзӯъҳои муҳим ва баҳсбарангез дар ҷомеаи мо мебошад. Ҳадаф аз ин мақола баён кардани назари равшани Ислом дар ин бобат аст, то бидонем, ки шариат чӣ гуфтааст ва чӣ чизҳо бидъат, хурофот ва суннатҳои ҷоҳилият мебошанд.

Азодорӣ дар Ислом

Ислом дини комилест, ки ҳар ҷанбаҳои ҳаёти инсонро аз таваллуд то вафот дар бар гирифтааст. Ҳангоми талафи наздикон, табиист, ки инсон ғамгин ва андӯҳгин мешавад. Ислом ин эҳсосотро нодида намегирад, балки барои он қоидаву меъёр муқаррар кардааст.

Азодории воҷиб барои шавҳар

Пас аз вафоти шавҳар, зане, ки бо ӯ зиндагии шаръӣ дошт, бояд 4 моҳу 10 рӯз дар ҳолати идда бошад ва азодорӣ кунад. Ин фарзи шариат аст ва дар Қуръон ба таври равшан омадааст:

وَالَّذِينَ يُتَوَفَّوْنَ مِنكُمْ وَيَذَرُونَ أَزْوَاجًا يَتَرَبَّصْنَ بِأَنفُسِهِنَّ أَرْبَعَةَ أَشْهُرٍ وَعَشْرًا ۖ فَإِذَا بَلَغْنَ أَجَلَهُنَّ فَلَا جُنَاحَ عَلَيْكُمْ فِيمَا فَعَلْنَ فِي أَنفُسِهِنَّ بِالْمَعْرُوفِ ۗ وَاللَّهُ بِمَا تَعْمَلُونَ خَبِيرٌ

Тарҷума:
“Ва касоне аз шумо, ки вафот мекунанд ва ҳамсарони худро пас мегузоранд, он занҳо бояд чаҳор моҳу даҳ рӯз мунтазир бимонанд. Пас, вақте ки муҳлати онҳо ба поён расид, бар шумо гуноҳе нест, ки онҳо тибқи одат дар бораи худ чӣ кор мекунанд. Ва Худо ба ҳар амале, ки мекунед, доност.”
(Сураи Бақара, ояти 234)

Паёмбари Худо (с.а.в) фармуданд: “Барояш ҷоиз нест, ки зане барои мурдае бештар аз се рӯз азо гирад, магар барои шавҳараш, ки чор моҳу даҳ рӯз аст.”
(Саҳеҳи Бухорӣ ва Муслим)

Дар ин муддат:

  • Зан бояд аз пӯшидани либосҳои зиннатдор худдорӣ кунад;
  • Атру ороиш, хусусан сурма ва ҳино манъ аст;
  • Аз хона хориҷ намешавад, магар дар ҳолати зарурӣ (хатар, танҳоӣ);
  • Ҳатто барои дарди чашм сурма задан манъ шудааст.

Азодории мустаҳаб барои дигарон

Барои падару модар, фарзанд, бародар, хоҳар ва дигар наздикон, зан метавонад се рӯз азо гирад. Беш аз он ҷоиз нест.

Умми Ҳабиба (р.а.), ҳамсари Паёмбар (с.а.в), вақте падари ӯ вафот кард, танҳо се рӯз азо гирифт ва баъди он аз атр истифода бурд. Ӯ гуфт: “Аз Паёмбар шунидам, ки ба зани мӯъмина ҷоиз нест, ки беш аз се рӯз азо гирад, магар барои шавҳараш.”

Азодорӣ барои мардҳо

Дар Ислом барои мардҳо азодории зоҳирӣ вуҷуд надорад. Мардон ҳақ надоранд, ки либоси махсуси мотам пӯшанд, миён банданд, ё мӯйи сар тарошанд. Азодории мардон дар дил аст, на дар амалҳои берунӣ. Паёмбар (с.а.в) чунин амалҳоро ба одатҳои ҷоҳилият монанд кардаанд.

Таъзия кардан ва хӯрок додан

Таъзия, яъне тасаллӣ додани аҳли майит амали савоб аст. Паёмбар (с.а.в) фармудаанд: “Касе, ки ба бародари мусалмонаш дар ғамаш тасаллӣ диҳад, Худованд дар рӯзи Қиёмат ӯро бо либоси каромат эҳтиром мекунад.”

Инчунин, вақте Ҷаъфар ибни Абӯтолиб вафот карданд, Паёмбар (с.а.в) гуфтанд: “Ба хонаводаи Ҷаъфар хӯрок биёред, зеро онҳо машғули мусибатанд.”

Аз ин бармеояд, ки хешу табор ва дӯстони наздик бояд барои аҳли майит хӯрок биёранд, на он ки хонаводаи мотамдор ба мардум хӯрок диҳад.

Бидъатҳои марбут ба хӯроки азо

  • Хӯрок додан дар рӯзи 7, 20, 40, ё солгарди вафот;
  • Дастурхони калону идона кушодан;
  • Хӯрок хӯрдан дар хонаи майит;

Ҳамаи ин амалҳо дар шариат наомадаанд ва бисёре аз уламои фиқҳ онҳоро бидъат ва баъзеи дигар ҳаром донистаанд. Саҳобаҳо чунин хӯрокхӯриро ба “ниёҳа”, азодории ҷоҳилият монанд кардаанд.

Гиря ва нола кардан

Гиряи табиӣ ва ором — раҳмати Худост ва ҷоиз аст. Паёмбар (с.а.в) барои фарзанду набераашон бо ашки чашм гиря кардаанд.

Аммо нола, доду фиғон, шиор задан, гиребон чок кардан, мӯй канидан ё гуфтани ҷумлаҳое мисли: “Чаро рафтӣ?”, “Ман бе ту чӣ кунам?” ҳамаи ин ҳаром ва гуноҳи кабира мебошанд. Паёмбар (с.а.в) гуфтаанд: “Ман безорам аз касе, ки бо забон нола мекунад ва гиребонашро медаронад.”

Агар мурда васият карда бошад, ки барои ӯ бо нола гиря кунанд, барои ин васияташ ӯ дар қабр азоб дода мешавад. Агар васият накарда бошад, вале хешовандонаш чунин кунанд, боз ҳам ӯ дар қабр азоб меёбад.

Ба мурда чӣ фоида мерасад?

Фоидаҳои ҳақиқӣ ба майит:

  • Дуо;
  • Садақа;
  • Қироати Қуръон (бештари уламои мазҳаби ҳанафӣ иҷозат медиҳанд);
  • Ёд кардани ӯ бо некӣ ва хубӣ.

Ин амалҳоро метавон бидуни ташкили маърака, бе харҷи зиёд ва бе риё анҷом дод. Ба ҷои хӯрок додан ба мардум, метавон он маблағро ба як хонаводаи муҳтоҷ, ба ятимон, ё бемористон садақа кард.

Диққат!

  • Азодорӣ дар Ислом вуҷуд дорад, вале ҳудуд ва қоида дорад;
  • Азо барои шавҳар 4 моҳу 10 рӯз тибқи аст;
  • Азо ба ҷуз шавҳар, барои дигарон танҳо се рӯз ҷоиз аст;
  • Хӯрок додан дар хонаи майит бидъат, ноҷоиз ва баъзе ҳолатҳо ҳаром аст;
  • Гиря бояд ором ва бидуни фиғону нола бошад;
  • Фоидаи воқеӣ ба мурда дуо, садақа ва амалҳои хайр аст.

Парвардигор ҳамаи моро аз бидъату хурофот эмин дорад ва ба амалҳое ҳидоят кунад, ки дар онҳо ризои Худо бошад.

Вассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ.

Муслима Аҳмадӣ