Хабарҳо

Се мусалмони испанӣ ҳаҷро савори асп аз Андалус то Макка анҷом доданд

21 июля, 2025
Комментарии к записи Се мусалмони испанӣ ҳаҷро савори асп аз Андалус то Макка анҷом доданд отключены

Дар миёни миллионҳо зоироне, ки имсол барои адои Ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ сафар карданд, танҳо се нафар савори асп ва пас аз тақрибан 4 000 мил масофа аз Испания ба Макка расиданд. Ин сафари нодир, ки бо номи “Ҳаҷҷи аспсаворон” маъруф шуд, эҳёи анъанаи қадимаи мусулмонони Андалус мебошад.

Абдулқодир Харкасӣ Айдӣ, Абдуллоҳ Рафаэл Ҳернандес Манча ва Тарек Родригес, се мусалмони испанӣ, пас аз чаҳор соли омодагӣ ва ҳафт моҳи сафар, Ҳаҷро ба шакли ғайриоддӣ анҷом доданд. Онҳо  беш аз даҳ кишварро бо савори асп ва бо мушкилоти сахт гузаштанд. Аз ҷумла ба майдонҳои минадор дар Босния ва ғарқшавии аспе дар туннели лойолуди Фаронса рӯ ба рӯ шуданд.

Сафари онҳо на танҳо санҷиши имон, балки нишон додани ирода ва сабри мусалмон дар асри муосир буд. Ин лоиҳа тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба даҳҳо ҳазор нафар расид. Видеоҳо аз хаймазанӣ, ғизопазӣ, ғусл додани аспҳо ва дидору мусоҳиба бо мардум дар шабакаҳои иҷтимоӣ садҳо ҳазор бор дида шуданд.

Ин зоирин аз кумакҳои молӣ ва маънавии мардум дар роҳ бархурдор шуданд.

Ба гуфти Ҳернандес Манча идеяи ин сафари шарифи савори асп 35 сол қабл, пас аз қабули ислом дар дилаш пайдо шуда буд, ки қасд кард рӯзе Ҳаҷро ҳатман савори асп анҷом диҳад ва имсол, бо тавфиқи Худо, вафои ваъда шуд.