Хабарҳо

Бургерҳои гулобии “Вкусно — и точка” ҳалол нестанд?

23 июля, 2025
Комментарии к записи Бургерҳои гулобии “Вкусно — и точка” ҳалол нестанд? отключены

Хабаргузории ТАСС бо истинод ба “Роскачество” хабар дод, ки бургерҳои гулобӣ дар шабакаи хӯрокфурӯшии “Вкусно – и точка” ба меъёрҳои хуроки ҳалол ҷавобгӯ нестанд. Ба гуфтаи ниҳоди давлатии назорат, дар таркиби ин бургерҳо моддаи кармин, рангубори ғизоие, ки аз ҳашарот гирифта мешавад мавҷуд аст ва барои мусалмонони риоякор, яҳудиён ва ҳамчунин вегетарианҳо нораво мебошад.

Тибқи иттилои “Роскачество”, кармин дар кулли ҳол барои саломатӣ бехатар арзёбӣ мешавад ва онро васеъ дар истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ, ороишӣ ва доруворӣ истифода мебаранд.

Бургерҳои гулобӣ ҳамчун қисми хати нави маҳсулоти Hello Kitty муаррифӣ шудаанд ва кармин ҳам дар нони бургер ва ҳам дар чошнии панир мавҷуд аст

Қаблан шабакаи “Вкусно – и точка”, ки ҷойгузини McDonald’s дар Русия гардид, эълон карда буд, ки барои ҷалби истеъмолкунандагони мусулмон менюи махсуси ҳалол таҳия мекунад.