Без рубрики

Санҷишу имтиҳон барои қабул ба “МАРҲАЛАИ ЯКУМ”

30 мая, 2025
Комментарии к записи Санҷишу имтиҳон барои қабул ба “МАРҲАЛАИ ЯКУМ” отключены

Муқаддима

Ба номи Худованди Бахшояндаву Меҳрубон

Хуш омадед ба санҷиши қабули маркази маърифатӣ ва омӯзишии «Роҳи нур».

Имтиҳоне, ки пешорӯи шумост, дониши ибтидоии Шуморо дар бораи дини мубини Ислом месанҷад. Ҳадафи ин санҷиш муайян намудани сатҳи ибтидоии маърифати шумо ва омодагиатон барои дохил шудан ба марҳалаи якуми дарсӣ мебошад.

Бо гирифтани баҳои зарурӣ дар ин санҷиш, шумо ба марҳилаи аввалини таҳсил дар марказ пазируфта мешавед ва таҳсили мунтазам бо устодон ва барномаҳои таълимии махсусро оғоз мекунед.

Маълумот барои довталабон

Пас аз супоридани ин санҷиши қабулӣ ва гирифтани баҳои зарурӣ, шумо ба марҳалаи якуми дарсӣ дар маркази маърифатӣ ва омӯзишии «Роҳи нур» қабул хоҳед шуд.

Дар ин марҳалаи аввал, таҳсили мунтазам бо барномаи махсуси таълимӣ оғоз мегардад, ки ба таҳкими донишҳои асосӣ ва тайёр кардани шумо барои марҳилаҳои ояндаи омӯзиш равона шудааст.

Лутфан, дар супоридани санҷиш бо диққат бошед, то баҳои заруриро ба даст оред, зеро натиҷаи он қадами аввалини шумо дар роҳи маърифат ва таҳкурсии такмили илм хоҳад буд.

Ба шумо муваффақият ва файзи Худованд орзумандем!